Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Ноябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
 
 
Самое читаемое
» Вакилон Буҷети давлатии Тоҷикистонро барои ...
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонун ...
» Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии То ...
» Ба 390 251 нафар/оилаи осебпазир кумакпулии якдафъаина ...
» Баимзорасонии созишномаҳои нави грантӣ


 
Архив новостей
Ноябрь 2020 (4)
Октябрь 2020 (3)
Сентябрь 2020 (11)
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
 
Пресс-релизы : Баимзорасонии созишномаҳои нави грантӣ
 


16 ноябри соли 2020 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи маблағгузорӣ байни Чумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, инчунин Созишномаи грантӣ байни Чумҳурии Тоҷикистон, Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (ба сифати маъмури Фонди эътимодии бисёрчониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна) оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)” ба имзо расонида шуд.

Созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз тарафи Бонки Байналмилалии Таҷдид ва Рушд ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҷаноби Ян-Петер Олтерс – Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Маблағи иловагии пешниҳодгардида барои Лоиҳаи болозикр 12,0 млн доллари амрикоиро ташкил менамояд, ки 10,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2,0 млн доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба оид ба ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна (GAVI) маблағгузорӣ мегардад.

Ҳадафи амалисозии Лоиҳа ин мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои фарогири Лоиҳа мебошад.

Маблағгузории дуюми иловагӣ бо максади таъмини устувории лоиҳаи болозикр, аз чумла нигоҳдории 37 муассисаи тиббии сохташуда, таъмир намудани муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои нави тачрибавӣ, харидории тачҳизоти тиббӣ барои муассисахои болозикр ва пардохти кумакпулӣ ба мутахассисон дар асоси натичаҳои фаъолият пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, дар доираи маблағгузории дуюми иловагӣ микдори умумии ноҳияҳои тачрибавӣ аз 10 адад то 16 адад зиёд гардида, дар ноҳияҳои нави тачрибавӣ корхои таъмирӣ дар зиёда аз 100 маркази саломатии деҳот ва бунгоҳҳои тиббӣ анчом дода мешаванд. Хамзамон, харидорӣ намудани тачҳизоти тиббӣ ва гайритиббӣ барои муассисаи шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои нави тачрибавӣ пешбинӣ карда шудааст.

Бо дарназардошти маблағгузории иловагӣ маблағи умумии Лоиха 45,0 млн доллари амрикоиро ташкил медихад ва қисми асосии он аз инфрасохтори тиббӣ ва халли мушкилоти муассисахои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ иборат мебошад.

Татбиқи Лоиҳаи мазкур соли 2014 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2