Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Октябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» «Интихоби мо Пешвои миллат»
» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восе ...
» Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмо ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ша ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони но ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ша ...
» Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фа ...
» Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фа ...
» Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон ва сокинон ...
» Иштирок дар ҷаласаи вазирони молияи кишварҳ ...


 
Архив новостей
Октябрь 2020 (2)
Сентябрь 2020 (11)
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
Апрель 2020 (1)
 
Пресс-релизы : Иштирок дар ҷаласаи вазирони молияи кишварҳои аъзои Бонки Умумиҷаҳонӣ
 
Иштирок дар ҷаласаи вазирони молияи кишварҳои аъзои Бонки Умумиҷаҳонӣ

Санаи 8-уми октябри соли 2020 ҷаласаи сатҳи баланди солонаи вазирони молияи кишварҳои аъзои Бонки Умумиҷаҳонӣ дар мавзӯи “Сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ” баргузор гардид, ки дар он Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор тавассути видеоконфронс иштирок намуданд.


 

Иштирок дар ҷаласаи вазирони молияи кишварҳои аъзои Бонки Умумиҷаҳонӣ

Дар ҷаласа намояндагони сатҳи олӣ, аз ҷумла Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ – Девид Малпас, шарикони рушд, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва вазирони молияи зиёда аз 70 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Девид Малпас ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки ҷорӣ гардидани ташаббуси “захираҳои инсонӣ” аз соли 2018 инҷониб ба ҷараёни ҳимоя ва рушди глобалии ин раванд такони тоза бахшид.

Иқдоми мазкур, алалхусус дар шароити кунунии паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бениҳоят саривақтӣ ва самаранок арзёбӣ гардид.

Дар ин росто, қайд гардид, ки барои рушди захираҳои инсонӣ аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ташкилоту кишварҳои шарикони рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

 

Иштирок дар ҷаласаи вазирони молияи кишварҳои аъзои Бонки Умумиҷаҳонӣ

Дар интиҳои ҷаласа масъалаи мобилизатсияи захираҳои инсонӣ дар вазъи душвори молиявии кишварҳои аъзо, маблағгузории самарабахши самти мазкур ва таъмини аҳолии осебпазир бо ҳамаи хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ гардид.

 

          Раёсати котиботи

          Вазорати молияи

         Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2