Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Октябрь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» «Интихоби мо Пешвои миллат»
» Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восе ...
» Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмо ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ша ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони но ...
» Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ша ...
» Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фа ...
» Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фа ...
» Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон ва сокинон ...
» Иштирок дар ҷаласаи вазирони молияи кишварҳ ...


 
Архив новостей
Октябрь 2020 (2)
Сентябрь 2020 (11)
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
Апрель 2020 (1)
 
Пресс-релизы : «Интихоби мо Пешвои миллат»
 
«Интихоби мо Пешвои миллат»

 

       Баромади Муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло дар ҳамоиши ҷавонони соҳаи молияи кишвар зери шиори «Интихоби мо Пешвои миллат»

Пеш аз ҳама, ба меҳмонон ва иштирокчиёни ин ҳамоиш саломи худ ва роҳбарияти мақомоти молия, хусусан вазири молия муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Сатторро мерасонам!

Дар ҳақиқат, ҳамоши имрӯзаи ҷавонони молия зери шиори «Интихоби мо Пешвои миллат» на танҳо иқдоми саривақтӣ, балки иқдоми муҳим барои молияҷиёни кишвар ба ҳисоб меравад.

Зеро дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бевосита таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, молияи давлатӣ низ ба рушди устувор ва дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, дар ин давра низоми молиявии кишвар ислоҳотҳои зиёдро паси сар намуд, пеш аз ҳама бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани идоракунии молияи давлатӣ, таъмини шаффофияти он, мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷети давлатӣ дар асоси механизми нави маблағгузорӣ, равона гардиданд.

Дар маҷмӯъ дар даврони истиқлолият танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 қонун ва санадҳои ҳуқуқӣ - меъёрӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ки дар амал татбиқ намудани онҳо ба таъмин намудани мустақилияти ягонаи молиявии миллии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Ҳамзамон, дар ин ҷода тадбирҳои зиёде дар низоми банақшагирии буҷетӣ бахусус мутобиқ гардонидани он стандартҳои ҷаҳонӣ амалӣ гардид.

Сиёсати хароҷоти Буҷети давлатӣ бо мақсади рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати некўаҳволӣ, таъмини амнияти давлат ва бехатарии озуқаворӣ, баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт равона карда шудаанд.

Дар баробари ин, бо фидокориву ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, аз ҳисоби лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявї, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи энергетика 43 лоиҳа ба мабалағи 2,3 млрд. доллари амрикоӣ, нақлиёт 53 лоиҳа ба маблағи 2,0 млрд. доллари амрикоӣ ва кишоварзӣ 49 лоиҳа ба маблағи 0,6 млрд. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудааст.

Инчунин, дар партави ҳидоят ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади мутобиқ гардонидани қонунгузории соҳаи андоз ба шароити имрӯзаи иқтисодӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар, аз байн бурдани нишондиҳандаҳои дақиқи сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ як зумра ислоҳоти андозӣ гузаронида шуд.

Дастовардҳо дар самти низоми молияи кишвар таҳти роҳбарӣ ва дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои муаззами миллат хеле зиёд буда, ин гуфтаҳо зеррае аз онҳо мебошад.

Бинобар ин, бо боварии комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои наздик дар самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, аз ҷумла дар низоми молияи давлатӣ ба пешрафтҳои аз ин ҳам зиёд ноил мегардад.

Интихоти мо – Пешвои миллат!

Барои диққат сипосгузорам!


 

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 3)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2