Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Август 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое


 
Архив новостей
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
Апрель 2020 (1)
Март 2020 (1)
Февраль 2020 (2)
 
Пресс-релизы : ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
 

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рузи 30 июни соли 2020 баргузор гардид, лоиҳаи як қатор созишномаҳои қарзию грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» баррасӣ ва тасдиқ гардиданд.

Аз ҷумла,

1. Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба “Барномаи вокуниши фаъол ба пандемияи бемории сироятии COVID-19 ва дастгирии қисми хароҷоти буҷет”

Ҳаҷми маблағи созишнома 50,0 млн доллари амрикоии грантиро ташкил дода, он аз ҳисоби захираҳои Фонди махсуси грантии Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

Маблағи мазкур барои амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии “COVID-19” ва руйпуш намудани хароҷоти дигарӣ давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, масраф карда мешавад. Татбиқи созишнома то охири соли молиявии 2020 пешбинӣ шудааст.

2. Созишнома дар бораи “Тағйирот ба созишномаҳо оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд барои мубориза бо пандемияи бемории сироятии COVID-19

Созишномаи мазкур дар асоси ҳамкориҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва қарори дахлдори Шӯрои Директорони иҷроияи бонки мазкур таҳия шудааст.

Мутобиқи қарори Шӯрои Директорони иҷроияи бонки мазкур маблағҳои сарфашудаи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҳисоби ин созмони молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда барои амалӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID-19 равона карда мешаванд.

Дар ин асос аз ҳисоби сарфаи маблағҳо дар як қатор лоиҳаҳои сармоягузории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда 9,4 млн доллари амрикоӣ бо ин мақсад равона карда мешавад.

Маблағҳои мазкур барои дастрас намудани таҷҳизоти мукаммали муолиҷаи интенсивӣ, лавозимоти муҳофизати шахсӣ, маводи пешгирӣ аз сироят ва таҷҳизоти безараркунии партовҳои тиббӣ харҷ карда мешаванд. Муҳлати татбиқи лоиҳа12 моҳро аз рӯзи тасдиқи созишнома дарбар мегирад.

3. Созишномаи қарзӣ, Созишномаи қолабӣ, Созишномаи агентӣ ва Созишномаи грантии кӯмаки техникӣ оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи муштараки “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф”

Дар доираи созишномаҳои мазкур равона намудани маблағи 46,0 млн доллари амрикоӣ, аз ҷумла 30,0 млн доллари амрикоии қарзи Бонки Исломии Рушд, 10,0 млн доллари амрикоӣ грантии Ташкилоти Ҳамкории глобалӣ дар соҳаи маориф ва 6,0 млн доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Аз ҳисоби маблағҳои пешбинишуда сохта ва ба истифода додани 68 мактаб ва 5 бинои маъмурӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Кулоб, инчунин дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Восеъ, Данғара, Муминобод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Шамсиддини Шоҳин, Кушониён, Дустӣ, Хуросон ва Вахш пешбинӣ шудааст. Татбиқи Лоиҳаи мазкур аз соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

4. Лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон

Лоиҳаи мазкур тавассути татбиқи ду созишномаи маблағгузорӣ, аз ҷумла Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба маблағи 70,0 млн доллари амрикоии грантӣ ва Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи байналмилалии Рушд ва Бонки байналмилалии Таҷдид ва Рушд ба маблағи 3,0 млн доллари амрикоии грантӣ амалӣ карда мешавад.

Маблағи умумии лоиҳа 73,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 70,0 млн барои татбиқи чорабиниҳои лоиҳавӣ ва 3,0 млн доллари амрикоӣ алоҳида барои дастгирии Буҷети давлатӣ равона мегардад. Муҳлати татбиқи он солҳои 2020-2026-ро дарбар мегирад.

Лоиҳа дар ҳудуди 14 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Қубодиён, Восеъ, Кушониён, Дустӣ, Ҷайҳун, Абдураҳмони Ҷомӣ), ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ва ноҳияҳои Тоҷикобод, Файзобод, Рудакӣ, Ҳисор, Варзоб амалӣ карда мешавад.

Дар лоиҳа ҳадафҳои муҳими кишвари мо дар бораи рушди сармояи инсонӣ, ки дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла дастрасӣ ба муассисаҳои томактабӣ ва беҳтар кардани сифати таҳсилоти томактабӣ, татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани саломатии кӯдакон ва паст кардани сатҳи фавти навзодону кӯдакон, татбиқи ҳадафҳои “Барномаи миллии ҳадафҳои рушди устувор”, Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020 – 2025” ва дигар барномаҳои тахассусии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

5. Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиятсияи Байналмилалии Рушд ва Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба Лоиҳаи “Таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ”.

Маблағи умумии лоиҳа 26,8 млн Ҳуқуқи Махсуси Қарзгирӣ ё 37,0 млн доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад ва он аз ҳисоби маблағҳои грантии Асотсиатсияи Байналмилалии Рушд амалӣ маблағгузорӣ мешавад.

Татбиқи лоиҳаи тавассути Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон аз соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 пешбинӣ шудааст.

Лоиҳа аз се қисмат иборат буда, он дар ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷи Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ ва шаҳри Кулоби Вилояти Хатлон татбиқ карда мешавад.

Дар доираи лоиҳа барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия дар сатҳи деҳа, барқарорсозии шабакаҳои дохилихоҷагии обёрӣ, барқарорсозии мактабҳо ва марказҳои саломатии маҳаллӣ, васеъ намудан ё сохтмони боғчаҳои кӯдакона ва барқарорсозии роҳҳо тавассути пешниҳоди суб-грантҳо ба аҳолӣ анҷом дода мешавад.

Дар доираи дигар қисматҳои лоиҳа ташкили машғулиятҳо барои ҷавонон доир ба масъалаҳои фаъолияти берун аз таълимӣ, аз ҷумла малакаи муомилаи байнишахсӣ, кори коллективӣ, табодули иттилоот, қабули қарорҳо, таҳкими боварӣ, сулҳоварӣ ва ҳалли мушкилиҳо, дастгирии руҳии иҷтимоӣ, омӯзиш аз рӯи баробарии гендерӣ, аз ҷумла омӯзиш оид ба огоҳикунонии зуҳуроти зӯроварӣ нисбати мансубияти гендерӣ, пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳаи тавассути Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар давоми солҳои 2020 - 2024

6. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020»

Лоиҳаи санади мазкур бо дарназардошти таъсири пандемияи бемории сироятии «COVID-19» ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми даромади буҷет, ҳамзамон зиёд гардидани эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ миллӣ, бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020, инчунин тавсияҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишвар бо шарикони рушд то охири соли 2020, таҳия шудааст.

Дар робита ба бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020 ва машваратҳои иловагӣ бо созмонҳои молиявӣ - шарикони рушд, нақшаи даромадҳои андозию ғайриандозӣ дар ҳаҷми 2,8 фоизи ММД, нақшаи азхудкунии маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ баробар ба 1,0 фоизи ММД ва воридоти маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 81,0 млн сомонӣ кам карда мешавад.

Дар баробари ин, нақшаи воридоти грантҳо барои дастгирии буҷет аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 1230,0 млн сомонӣ зиёд карда мешавад.

Ҳамзамон ҷиҳати маблағгузории эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ вобаста ба чорабиниҳо оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 нақшаи хароҷоти буҷети давлатӣ аз ҳисоби аз нав тақсимкунии хароҷот ба истилоҳ консалидатсия дар ҳаҷми 2,2 фоизи ММД, пардохти кумакпулиҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба андозаи 0,5 фоизи ММД ва аз ҳисоби аз нав тақсимкунии маблағҳои буҷетӣ ҳаҷми маблағгузориҳои асосии мутамарказ то 0,7 фоизи ММД зиёд карда мешавад.

Ҳаҷми умумии нақшаи аниқшудаи даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 бо дарназардошти ҷалби маблағҳои грантӣ барои дастгирии буҷет ба 23,6 млрд сомонӣ, нақшаи аниқшудаи ҳаҷми умумии хароҷот 26,0 млрд сомонӣ, касри буҷет ба 3,1 млрд. сомонӣ ё 3,7 фоизи ММД баробар мегардад.

Касри мазкур аз ҳисоби ҷалби маблағҳои иловагии қарзию грантӣ, аз ҷумла маблағҳои қарзии Хазинаи Байналмилалии Асъор, маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд, маблағҳои қарзии имтиёзноки Фонди Авруосиёгии Стабилизатсия ва Рушд ва аз ҳисоби дигар манбаҳо руйпуш карда мешавад.

Тағйиру иловаҳои пешбинишуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» барои таъмини уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ва маҷмуан барои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 2)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2