Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июль 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» ПРЕСС-РЕЛИЗ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...


 
Архив новостей
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
Апрель 2020 (1)
Март 2020 (1)
Февраль 2020 (2)
 
Пресс-релизы : ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
 

Санаи 24 июни соли 2020 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020», ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020, №1544 ба тасвиб расидааст, баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Тибқи лоиҳаи Қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» аз 26 ноябри соли 2019 қисмҳои 19,20,21,22,23 ва 24 ворид карда шуд, ки он барои амалӣ намудани имтиёзҳои дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2020, №1544 пешбинишуда равона карда шудааст.

Дар идомаи ҷаласа, инчунин лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Хоҷагии коммуналӣ” – и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” баррасӣ гардид.

Созишнома санаи 10 феврали соли 2020 ба имзо расонида шуда, маблағи он 1,8 млн еврои грантӣ баробар ба 2,0 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб” 4,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, 50 фоиз маблағҳои грантӣ ва қисмати боқимонда маблағҳои қарзӣ мебошад.

Созишномаи қарзии ин лоиҳа моҳи майи соли 2018 бо қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудааст.

Маҷмӯан дар доираи маблағҳои ҷудошуда хариди техникаи махсус барои баровардани партовҳои сахти маишӣ, хариди контейнерҳои махсус, техника ва таҷҳизот барои партовгоҳ, барномаи идоракунии махсуси компютерӣ, сохтмони партовгоҳи нав ва хокпӯш кардани партовгоҳи кӯҳна, азнавсозии идораи муассисаи коммуналии шаҳр, сохтмони нуқтаҳои махсуси партовгоҳ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ва дигар хароҷот, пешбинӣ шудааст.

Татбиқи Лоиҳаи мазкур соли 2018 оғоз ёфта, анҷоми он то охири соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2