Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Июль 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» ПРЕСС-РЕЛИЗ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...


 
Архив новостей
Июль 2020 (2)
Июнь 2020 (3)
Май 2020 (8)
Апрель 2020 (1)
Март 2020 (1)
Февраль 2020 (2)
 
Пресс-релизы : ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ
 

Cанаи 17 июни соли 2020 дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ вобаста ба татбиқи Лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (сохтмони қисмати роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод”) баррасӣ гардид.

Созишнома бо тартиби муқарраршудаи қонунгузории кишвар 1 апрели соли 2020 ба имзо расонида шудааст.

Маблағи созишнома 40,0 млн доллари амрикоиро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои қарзии Фонди ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ маблағгузорӣ мегардад. Қарзи мазкур ба муддати 20 сол, аз ҷумла 5 соли имтиёзӣ ҷалб гардидааст.

Дар доираи маблағҳои созишномаи мазкур 32 фоизи корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Обигарм – Тагикамар ҳаммаблағгузорӣ гардида, 68 фоизи корҳои боқимонда аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд пардохт мегардад.

Ҳаҷми умумии маблағузории Лоиҳаи “Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 маблағи 350,0 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва то ба 1 июни соли ҷорӣ расмиёти зарурӣ барои ҷалби 110,0 млн доллари грантии Бонки Осиёии Рушд, 150,0 млн доллари қарзии Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд пурра анҷом ёфтааст.

Ҳамкорӣ барои ҷалби 50,0 млн доллари амрикоии қарзӣ барои ҳаммаблағгузории қисмати ниҳоии ин масир бо Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохтор дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2020 оғоз гардида, анҷоми он соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии коммуналии “Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд доир ба маблағгузории Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” баррасӣ гардид.

Созишномаи грантӣ 10 феврали соли 2020 ба имзо расонида шуда, маблағи он 5,0 млн доллари амрикоии грантии Ҳукумати Конфедератсияи Швейтсарияро ташкил медиҳад, ки тавассути Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” ҷалб карда мешавад.

Аз ҳисоби маблағи грантии созишномаи мазкур хариди 50 адад автобус, азнавсозии Коргоҳи хизматрасонии воситаҳои нақлиётии шаҳри Хуҷанд (ба истилоҳ ДЕПО) ва хариди таҷҳизоти зарурӣ барои ин коргоҳ, инчунин хариди таҷҳизоти худкори пардохти роҳкиро ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи ин созишнома, инчунин ҷудо намудани 840,0 ҳазор доллари амрикоӣ барои таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии ин тарҳ ҳамчун кумаки техникӣ пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи пурраи Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд” то 31 декабри соли 2022 муқаррар шудааст.

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2