Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/data/minfint/public_html/engine/modules/show.full.php on line 473 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /home/data/minfint/public_html/index.php on line 100 Маълумот доир ба қарзи имтиёзнок ва оҷилии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ҳаҷми 189,5 млн доллари амрикоӣ » Министерство финансов Республики Таджикистан
 
Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Март 2023    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое


 
Архив новостей
Сентябрь 2021 (2)
Август 2021 (3)
Июль 2021 (3)
Июнь 2021 (10)
Май 2021 (6)
Апрель 2021 (16)
 
- : Маълумот доир ба қарзи имтиёзнок ва оҷилии Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ҳаҷми 189,5 млн доллари амрикоӣ
 

Хазинаи Байналмилалии Асъор аввали моҳи марти соли 2020 барои дастгирии молиявии кишварҳои аъзои ин созмон ҷиҳати ҷудо намудани кумаки молиявӣ дар ҳаҷми 1 триллион доллари амрикоӣ изҳорот қабул намуд.

           Дар баробари дигар кишварҳои аъзо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти қарзи оҷилӣ ва имтиёзноки Хазинаи Байналмилалии Асъор нимаи аввали моҳи марти соли 2020 расман муроҷиат намуд.

Дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони молиявии ҷаҳонӣ қабул гардида, гуфтушунидҳо таҳти сарпарастии хонум Падмажа Ҳанделвал аз ҷониби Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран шуруъ шуданд.

Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо барои ҷалби 80 фоизи квотаи қарзгирии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, яъне 189,0 млн доллари амрикоӣ ҳамчун қарзи имтиёзноки дарозмуддат барои 10 сол бо 5 соли имтиёзӣ мувофиқоти зарурӣ ба даст омад.

          Роҳбарияти Хазинаи Байналмилалии Асъор санаи 6 майи соли ҷорӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 189,0 млн доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок қарор қабул намуд ва маблағҳои мазкур 8 майи соли 2020 ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ворид шуданд.

Бо дарназардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимолияти зиёди коҳишёбии ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, маблағҳои қарзии ҷалбшуда, ки барои дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши ҳаҷми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона карда мешаванд.

Мутобиқи шартҳои қарзгирии оҷилии Хазинаи Байналмилалии Асъор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ҳар семоҳа дар сомонаҳои расмӣ ҳисоботи истифодабарии маблағҳои ҷудогардида, инчунин ҳамасола натиҷаи санҷиши истифодабарии ин маблағҳоро, ки бояд аз ҷониби Палатаи ҳисоб анҷом дода шавад, нашр намояд.

 

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе , не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2