Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Февраль 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
 
 
Самое читаемое
» Баимзорасонии созишномаҳои грантӣ
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-сола ...
» Маросими баимзорасонии созишномаи грантӣ бо JICA
» Баимзорасонии созишнома бо БАТР
» Ҷаласаи васеи ҷамъбасти мушовараи Вазорати ...
» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «С ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с пред ...


 
Архив новостей
Февраль 2020 (2)
Январь 2020 (8)
Декабрь 2019 (3)
Ноябрь 2019 (20)
Октябрь 2019 (3)
Сентябрь 2019 (4)
 
Пресс-релизы : Ҷаласаи васеи ҷамъбасти мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

 

Ҷаласаи васеи ҷамъбасти мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 январи соли 2020 дар Вазорати молия, ҷаласаи васеи мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди самараноки идоракунии молияи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 доир гардид. 

Ҷаласаро Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор оғоз намуда, изҳор дошт, ки маҷлиси мушовара фарогири ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди самараноки идоракунии молияи давлатӣ дар нимсолаи якуми    соли 2020, тасдиқ намудани Нақшаи кории Мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2020 мебошад.

Роҷеъ ба ҷамъбасти фаъолияти молиявӣ ва иҷроиши Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда оид ба рушди самараноки идоракунии молияи давлатӣ дар нимсолаи якуми соли 2020, Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода маърӯза намуданд.

Баъдан, ҳисоботи як қатор роҳбарони мақомоти молияи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилотҳои зерсохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни натиҷаҳои фаъолият дар     соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои нимсолаи якуми соли 2020 бо назардошти мулоҳиза ва пешниҳодҳои зикргардида, қабул гардид.

Муовини вазири молия Ҳалимзод А.Д. оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №600 “Дар бораи Қоидаҳои додани иҷозат ба шахсони воқеӣ барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхурда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ” маърўза намуда ҳозиринро бо мазмун ва муҳтавои он шинос намуд. Пас аз маърўза номгўи ҳуҷҷатҳои расмӣ ҷиҳати бақайдгирии муроҷиат ва додани иҷозатнома ба масъулини раёсатҳои молияи шаҳру ноҳияҳои дахлдор, супорида шуд.

 

Ҷаласаи васеи ҷамъбасти мушовараи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷамъбасти кори мушовара Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, оид ба иҷрои босифати Буҷети давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2020 ба кормандони масъули Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки сарфи назар аз мушкилоти соли маъракаҳои сиёсии дарпешистода, ҳамагонро лозим аст то дар татбиқу иҷрои вазифаҳои гузошташудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саъйю талош намоянд.

Дар ҷаласа ҳамчунин, сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аъламхон Қодириён, муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Шараф, муовини раиси БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Ризвонзода Фирдавс Зикр, муовини директори Агентии омор Холиқзода Малоҳат ва намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо Зайниддинзода Саидмурод иштирок доштанд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2