Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Февраль 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
 
 
Самое читаемое
» Баимзорасонии созишномаҳои грантӣ
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-сола ...
» Маросими баимзорасонии созишномаи грантӣ бо JICA
» Баимзорасонии созишнома бо БАТР
» Ҷаласаи васеи ҷамъбасти мушовараи Вазорати ...
» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «С ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с пред ...


 
Архив новостей
Февраль 2020 (2)
Январь 2020 (8)
Декабрь 2019 (3)
Ноябрь 2019 (20)
Октябрь 2019 (3)
Сентябрь 2019 (4)
 
Пресс-релизы : Ҷалби маблағҳои грантӣ барои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
 

 

Ҷалби маблағҳои грантӣ барои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот ва рушди сайёҳӣ дар кишвар Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ҷиҳати ҷалби маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии самроягузорӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар ин радиф санаи 15 январи соли 2020 Созишномаи грантӣ оид ба маблағгузории лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» дар ҳаҷми 30 млн доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз тарафи Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ҷаноби Ян-Петер Олтерс – Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Мақсади татбиқи лоиҳа ин фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва агробизнес мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа корҳои азнавсозӣ ва барқарорсозии қалъаи Ямчун дар ВМКБ, корҳои азнавсозӣ ва барқарорсозии қалъаи Ҳулбук, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва мавзеи Чилучорчашма дар вилояти Хатлон, инчунин пешниҳоди грантҳои баробарарзиш (matching grants) барои беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ ва маҳалҳои сайёҳӣ, грантҳои барорбарарзиш барои ҷамоатҳо ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати беҳсозии ҳолати бозорҳои кишоварзии маҳаллӣ, грантҳои баробарарзиш барои гурӯҳи фермерҳо ва ассотсиатсияҳои микро, хурд ва миёна ҷиҳати таъмини корҳои баъд аз ҷамъоварии ҳосил, грантҳои баробарарзиш барои соҳибкорони микро, хурд ва миёна ва корхонаҳои ғайридавлатии расман ба қайд гирифташуда,  пешбинӣ гардидааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз аввали соли 2020 оғоз гардида, соли 2024 ба анҷом мерасад.

 

Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон


 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 0)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2