Пресс-центр
 
 
Голосование
Что необходимо добавить на сайте?

Больше информации
Версию на таджикском языке
Версию на английском языке
Изменить дизайн сайта
Ничего, все устраивает
 
Календарь
«    Январь 2020    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 
1
2
3
4
5
6
7
8
9
10
11
12
13
14
15
16
17
18
19
20
21
22
23
24
25
26
27
28
29
30
31
 
 
Самое читаемое
» Буҷети шаҳрвандӣ барои соли 2020
» Гражданский бюджет на 2020 год
» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-сола ...
» Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳу ...
» Встреча Министра финансов Республики Таджикистан с пред ...
» Ҷалби маблағҳои грантӣ барои ру ...
» Ҷаласаи васеи ҷамъбасти мушовараи Вазорати ...
» Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «С ...


 
Архив новостей
Январь 2020 (7)
Декабрь 2019 (3)
Ноябрь 2019 (20)
Октябрь 2019 (3)
Сентябрь 2019 (4)
Август 2019 (3)
 
Пресс-релизы : Иштирок дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Рушди АвруОсиё
 
Иштирок дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Рушди АвруОсиё

18 декабри соли 2019 Вазири молия - намояндаи ваколатдор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои Бонки Рушди АвруОсиё Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дар ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки мазкур, ки дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ҷаласаи солонаи Шӯрои Бонки Рушди АвруОсиё, ки таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон – раиси Шӯрои Бонки Рушди АвруОсиё Мамин А.У., доир гардид, инчунин, даркори он намояндагони ваколатдор аз дигар кишварҳои аъзо, аз ҷумла Арманистон - Муовини Сарвазир Григорян М., Белорус - Вазири молия Ермолович М., Қазоқистон - Муовини якуми Сарвазир - Вазири молия Смаилов А., Қирғизистон - Вазири иқтисод Муканбетов С., Федератсияи Россия - Муовини якуми Сарвазир - Вазири молия Силуанов А. ва муовини Вазири молия Сторчак С., иштирок карданд.

Дар аснои ҷаласа ҳисоботи солонаи Идораи бонк барои соли 2019, тасдиқи нақшаи кори Шӯрои бонк ва кумитаи буҷет барои соли 2020, тасдиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Бонк, барномаи маблағгузории лоиҳаҳои барқароркунандаи манбаъҳои энергия, масъалаҳои кадрӣ ва ғайра шунида шуда, аз натиҷаи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Сандуқи сармоягузории Бонк ба ҳолати 1 декабри соли 2019 зиёда аз 4,0 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 18 фоиз ё 621 миллион доллар зиёд мебошад. Дар  доираи фаъолияти Бонк дар соли 2019 – ум 23 лоиҳаи нави сармоягузорӣ ба маблағи тақрибан 1,2 миллиард доллар ба имзо расонида шудааст, ки ба соҳаҳои энергетика 27,9 фоиз, инфрасохтор 22,4 фоиз, бахши молиявӣ 15,0 фоиз ва боқимонда ба дигар соҳаҳо рост меояд.

Бонки Рушди АвруОсиё ташкилоти байналмилалии молиявӣ буда, моҳи январи соли 2006 аз ҷониби Федератсияи Росия ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди бозаргонии давлатҳои аъзо, рушди устувори иқтисодиёт ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ таъсис дода шудааст.

Раёсати котибот

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 
 
 
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.
 
   
 
 (голосов: 1)
Комментарии (0)  Распечатать
 
 
Информация
 
Посетители, находящиеся в группе Гости, не могут оставлять комментарии в данной новости.

 
 
 
Продвижение грамотной и устойчивой финансовой политики во все времена является основным фактором стабильности государства
Э. Рахмон.
 
Ссылки
 
© Министерство Финансов Республики Таджикистан
2