Бо мақсади муайян намудани сатҳи воқеии талафоти ғайримеъёрии қувваи гармии интиқолшаванда дар миқёси шаҳри Душанбе, камхарҷ намудани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ, коҳиш ёфтани миқдори садамаҳо дар шабакаҳо ва ба ин васила баланд бардоштани даромаднокӣ, санаи 14 апрели соли 2021 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 11,1 млн доллари амрикоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.