7 июни соли ҷорӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири молия Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ризо Ардакиён, ки ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.