23 октябри соли 2013 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раис Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро қабул карданд.