DataLife Engine > Пресс-релизы > Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон

Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон


7 сентября 2019. Разместил: Khushruz
Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ  дар вилояти Хатлон

7 сентябри соли 2019 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» баргузор гардид.

Созишномаро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз тарафи Фонди Саудии Рушд Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом – Раиси Шӯрои директорони Фонди Саудии Рушд ба имзо расониданд.


Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ  дар вилояти Хатлон

Маблағи умумии лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои обӣ дар вилояти Хатлон» 53,5 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он саҳми Бонки Исломии Рушд – 15,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Саудии Рушд – 25,0 млн. доллари амрикоӣ, Фонди Байналмилалии Рушди ОПЕК – 10,0 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 3,5 млн. доллари амрикоӣ мебошад.

Мақсади лоиҳа ин беҳтар намудани идораи захираҳои обии тобовар ба тағйирёбии иқлим буда, боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани даромади хоҷагиҳои фермерӣ ва дастрасӣ ба таъминоти об, мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аз соли 2019 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.

 

Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон