DataLife Engine > Пресс-релизы > Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока


4 октября 2018. Разместил: Khushruz

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока

 


Нимаи дуюми рӯзи 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Япония бо Роҳбари Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) Синичи Китаока мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони мулоқоти навбатӣ барои баррасии дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ изҳори хушнудӣ карданд

“Япония яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад ва мо ба рушду тавсеаи равобити ҳамкорӣ бо он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоем”,- таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар мулоқот Президенти мамлакат саҳми Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) — ро дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо махсус таъкид доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030, мутобиқсозии стратегияҳои дуҷониба барои татбиқи ҳадафҳои афзалиятноки соҳаҳои гуногун, бахусус се самти асосӣ — расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон табодули андеша карданд.

Дар доираи муносиботи дуҷониба рушди робитаҳои ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ, молиявӣ, техникӣ ва гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои махсус, ҷалби сармояи японӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, таъсиси Фонди сармоягузории Япония ва пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок муҳим арзёбӣ гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории барои ҷонибҳо судманд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.