DataLife Engine > Пресс-релизы > Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ


28 сентября 2018. Разместил: Khushruz
Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

Имрӯз дар Вазорати молия бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ва муассисаҳои тобеъ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад тантанавӣ баргузор гардид. Дар он меҳмонон- шоираи ширинкалом Меҳриниссо ва муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён ширкат варзиданд.

Ҷамъомади тантанавиро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири молия Меҳринамо Ҷонмамадзода ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба фарорасии ҷашни фархунда- Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик ва дар фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамарашон баҳри пешрафти ҷомеа комёбиҳо таманно кард.

 

Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

Ӯ зимни суханрониаш аз ҷумла таъкид намуд, ки алалхусус, дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти давлат ба рушду такомули забони давлатӣ таваҷҷуҳу ғамхории зиёде зоҳир карда мешавад. Дар масъалаи омӯхтани забон, гиромӣ доштани забони модарӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дода, дар суханрониҳо, мулоқоту вохӯриҳои сершумори худ муҳимияти ин масъаларо таъкид менамоянд.

Дар анҷоми баромадаш Меҳринамо Ҷонмамадзода қайд намуд, ки дар Вазорати молия Комиссияи татбиқи Қонуни забон пурсамар фаъолият дорад. Дар ҷаласаҳои Комиссия масъалаҳои муҳим вобаста ба коргузорӣ, тарҷумаю истифодаи дурусти истилоҳоти иқтисодӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин шоираи ширинкалом Меҳриниссо ва муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён баромад карданд.

 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон