DataLife Engine > Пресс-релизы > Форуми Шўрои иҷтимоӣ ва иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид

Форуми Шўрои иҷтимоӣ ва иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид


8 мая 2018. Разместил: Khushruz
[center]Форуми Шўрои иҷтимоӣ ва иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид

   Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода таърихи 19-21 апрели соли ҷорӣ дар ҷаласаи баҳории Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки дар шаҳри Вашингтони Амрико баргузор гардида буд, ширкат варзида ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ дар Форуми Шўрои иҷтимоӣ ва иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид доир ба пайгирии маблаѓгузорӣ барои рушд, ки рўзҳои 23-24 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид иштирок ва суханронӣ намуданд.

   Дар Форуми мазкур Дабири кулли СММ Антонио Гутериш ва муовини Дабири кулл Амина Муҳаммад иштирок доштанд.

   Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода оид ба иқдомҳои кишвар дар самти амалисозии Рўзномаи 2030 оид ба рушди устувор, инчунин, дар мулоқоти махсуси сатҳи баланди Созмони ҷаҳонии савдо ва Конфронси СММ оид ба савдо ва рушд дар мизи мудаввари чаҳоруми сатҳи вазирони Форум иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар Форуми мазкур оид ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, қабули Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи рушди миллии миёнамуҳлат барои солҳои  2016 - 2020, иқдомоти пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва баргузории конфронси махсус дар шаҳри Душанбе, доир ба пешниҳод гардидани «Ҳисоботи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Рўзномаи 2030» ибрози ақида намуданд.

    Ҷонибҳо нисбати  Конфронси байналмилалии кишвар оид ба «Татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал», «Об барои рушди устувор 2018 - 2028», ки  рўзҳои 20-22 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад  мубодилаи  афкор карданд.

   Муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Лиу Женмин  омодагии худ ва Департаменти  иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ-ро барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани конфронси мазкур дар шаҳри Душанбе иброз намуд.

  Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои расмӣ ва вохўрию мулоқотҳо зимни сафарҳои мазкур анҷом ёфта кўшиш ба харҷ дода шуд, ки шарикони рушд барои таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мароқи бештар зоҳир намоянд.


 

Раёсати котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон