DataLife Engine > Пресс-релизы > Ҷоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


26 октября 2017. Разместил: Khushruz
Ҷоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2017, таҳти рақами №9-ф ва Фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017, №34 ҷиҳати таъмини иҷрои Нақша - чорабиниҳо оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз ҷониби Хазинаи сарватҳои давлатӣ, Нозироти давлатии иёргирӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳоти назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёду сохтмони чанде аз майдончаҳои варзиширо ҳамчун ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас, баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии кӯдакон ва ба варзиш машғул шудани онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буданд.

Дар озмун сохтмони беҳтарин майдончаи варзишӣ, ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбон, бунёди гулгаштҳо ва сифати корҳо, ки миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои кишвар баргузор гардид, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми якумро касб намуд.

Ба ҳар як ғолиби озмун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоиза, Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.


 

Ҷоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ин муносибат 26 октябри соли 2017 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Қурбониён Абдусалом Карим, ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат ва зерсохторҳои он баргузор гардид. Дар ҷамъомад мукофотҳои арзишманди пулӣ ва ҷоизаи ифтихорӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд, ба Вазорати молия супорида шуд.


Ҷоиза ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт барои кӯдакону наврасон ва насли ояндасози ҷумҳурӣ боз ду майдончаҳои варзишии муосир бунёд менамояд.

Чунин иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди бунёду сохтмони майдончаҳои варзишӣ, ки иборат аз майдончаи бозии кӯдакона, истироҳатгоҳи падару модарон ва пиронсолон, майдончаи бозии волейболу футбол ва баскетбол барои наврасон мебошад, дар беҳбуд бахшидан ба вазъи иҷтимоии мардум мусоидат хоҳад кард.


Раёсати Котиботи

Вазорати молияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон