DataLife Engine > - > ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ

ВАРАҚАИ МАТБУОТӢ


28 мая 2020. Разместил: Khushruz

Бо мақсади таъмини кафолати иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №АП-1378 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12,4 миллион сомонӣ барои пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордошта иштирок менамоянд, ҷудо карда шудааст.

Тибқи фармоиши якҷояи вазорати молия ва вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳолӣ аз 21 майи соли 2020, №144 ва №383 ҷиҳати таъмини иловапулӣ ба музди меҳнат дар моҳи май ба 5256 нафар корманди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла 995 нафар духтур, 1833 нафар корманди миёнаи тиб, 1547 нафар корманди хурди тиб ва 881 нафар дигар кормандони соҳа, ки маблағи ҳисобигардидаи фонди музди меҳнат 4,2 млн. сомониро дар бар мегирад ба суратҳисобҳои сарраёсат ва раёсатҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявии дахлдор гузаронида шуда, пардохти саривақтии он таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Ҳамзамон, барои моҳҳои минбаъда пардохти иловапулии мазкур тибқи рӯйхати пешниҳоднамудаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад.