DataLife Engine > Пресс-релизы > МАЪЛУМОТ

МАЪЛУМОТ


13 мая 2020. Разместил: Khushruz

Дар бораи Созишномаи грантии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба амалинамоии “Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”

 

Дар баробари пандемия эълон шудани сирояти коронавирус бо ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо аксари созмонҳои марбутаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳои мақсаднок барои пешгирии пандемияи вируси COVID-19 ба роҳ монда шуд.

Натиҷаи ҳамкориҳо имкон дод, ки 11,3 млн. доллари амрикоии грантӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд барои мақсадҳои зикршуда ҷалб карда шавад.

Созишномаи грантии дахлдор барои амалисозии Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 3 апрели соли 2020 ба имзо расонида шуд ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 апрели соли ҷорӣ тасдиқ гардид.

Лоиҳаи пешниҳодшуда аз 4 қисмат иборат буда, мушаххасан амалӣ гардидани тадбирҳои зеринро дарбар мегирад.

1. Тақвияти иқтидорҳои соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ дар самти табобати интенсивӣ ва эҳё, яъне хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводҳои безараргардонӣ, либоси махсус, омода намудани ҳадди ақал 100 бистари нав ва хариди дигар маводи ниёзи аввалия барои муқовимат бо пандемия. Бо ин мақсад 6,3 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

2. Амалӣ намудани чорабиниҳои гуногунсамта бар зидди пандемияи вируси COVID-19, аз ҷумла тадбирҳо вобаста ба омода намудани соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва аҳолӣ. Барои амалӣ намудани ин қисмат масрафи 1,0 млн. доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст.

3. Расонидани кумаки иҷтимоӣ ба оилаҳое, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ба шумор мераванд. Қисмати муҳимтарини созишномаи мазкур ба ҳисоб рафта, барои амалӣ намудани он 3,0 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Татбиқи ин қисмат аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бо Тартиби амалкунандаи механизми расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат анҷом дода мешавад.

4. Нигаҳдории марказҳои татбиқи лоиҳаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои амалинамоӣ ва мониторинги лоиҳа барои давраи солҳои 2020 – 2021. Бо ин мақсад дар созишнома 1,0 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади истифодаи таҷриба ва имконоти ташкилотҳои ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва бахусус таъмини шаффофият барои амалӣ намудани қисмати якуми созишнома, яъне хариди таҷҳизот, доруворӣ, тестҳо, маводҳои безараргардонӣ ва либоси махсус, ташкилоти UNOPS, ки як бахши амалиётҳои Созмони Милали Муттаҳид барои сохтори Созмони Милал, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва шарикони дигари ҷаҳон маҳсуб меёбад, ҷалб гардидааст.

Бо дарназардошти талаботи бесобиқа ба таҷҳизоти тиббӣ, бахусус ба таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ ва дигар дорувории зиддивирусӣ дар ҷаҳон, айни ҳол аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бо Ташкилоти “UNOPS” ва ҳамоҳангии намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳои мутақобила барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ворид намудани таҷҳизот ва маводҳои тиббӣ идома дорад.  Истифодабарии маблағҳои мазкур пас аз анҷом ёфтани расмиёти Бонки Умумиҷаҳонӣ шуруъ мешавад.

        Дар доираи талаботи дахлдори ин Созишнома ҳисобот дар бораи истифодаи маблағи 11,3 млн. доллари амрикоии грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд дар сомонаи расмии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад.



          Раёсати котиботи

          Вазорати молияи

         Ҷумҳурии Тоҷикистон